Бародари арҷманд!
Посухи пурсишҳои шумо бо риъояти тартиби онҳо ба қарори зер аст:
1 . Ровии зиёрати мавсум ба Ошуро, «Алқама ибни Муҳаммади Ҳазрамӣ» аст ки мардӣ маҷҳулул ҳол аст. Ба илова, зиёрати мазкур бо ду тариқ аз ӯ ривоят шуда ки ҳар ду тариқ дар назари риҷолшиносон заъиф аст; Зеро дар як тариқ ки тариқи ибни Қуливайҳ дар китоби Комилул Зиёрот аст, касоне монанди «Муҳаммад ибни Мӯсоӣ Ҳамадонӣ» воқеъ шудаанд ки муттаҳам ба ғулув, дурӯғгӯйи ва ҷаъли ҳадис ҳастанд ва дар тариқи дигар ки тариқи Абу Ҷаъфари Тувсӣ дар китоби Масобиҳул Мутаҳаҷҷад аст, «Ақаба ибни Қайс» воқеъ шуда ки маҷҳул аст. Бо ин васф, зиёрати мазкур саҳиҳул иснод маҳсуб намешавад, ҳар чанд бештари мазомини он аз ҳайси маъно ишколе надорад.
2 . Ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, занҷирзанӣ ва синазаниро бидъат ва бар хилофи шариъат донистааст ва аз инҷо дониста мешавад ки қамазанӣ ба тариқи авло ҳаром аст. Танҳо чизе ки дар ривояти саҳиҳ ва мутавотир ба он суфориш шуда, зикри мусибати имом Ҳусейн ва гиристан ба ӯст ва ҳар кас чизеро бар он меафзояд, маъҷур нест, балки чи басо гуноҳкор мешавад.
3 . Коҳгил молидан бар сар ва сурат, аз корҳои сафиҳон аст ва асле дар шаръ надорад.
4 . Ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи роҳпаймойи дар қолиби дастаҳо фармудааст: «كَذَلِكَ الضَّرْبُ فِي الْأَرْضِ بِآلَاتِ اللَّهْوِ مَعَ الرَّايَاتِ وَالْأَعْلَامِ الْمُبْتَدَعَةِ، فَكُلُّ ذَلِكَ بِدْعَةٌ وَكُلُّ بِدْعَةٍ ضَلَالَةٌ وَكُلُّ ضَلَالَةٍ سَبِيلُهَا إِلَى النَّارِ»; «Чунин аст роҳпаймойи дар замин бо парчамҳо ва аломатҳои ибдоъ шуда; Чароки ҳамаи онҳо бидъат аст ва ҳар бидъате гумроҳӣ аст ва ҳар гумроҳийе ба оташ роҳ меёбад». Манзури он ҷаноб аз «Аломатҳои ибдоъ шуда» созаҳои оҳании сангине ба шакли салиб аст ки шохаҳое бар фарози худ дорад ва порчаҳо ва муҷассамаҳое бар рӯйи он насб шудааст ва ҷоҳилони қавм онро бар дӯш мекашанд. Аз инҷо дониста мешавад ки чунин коре низ шойиста нест ва асле дар шаръ надорад.
5 . Ҷаноби аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло дар бораи сурудани шеър барои аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва оли ҳи ва саллам фармудааст: «وَلَا بَأْسَ بِالْبُكَاءِ عَلَى مَصَائِبِهِمْ وَإِنْشَادِ الشِّعْرِ فِيهِمْ إِذَا كَانَ صِدْقًا»; «Ва гиристан бар масоъиби онон ва сурудани шеър барои онон ҳаргоҳ рост бошад ишколе надора». Бинобарин, сурудани шеър дар бораи аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба шарти инки мазмуни он рост бошад, ҷойиз ва дар сурате ки мазмуни он кизб бошад, ҳаром аст. Ба илова, возеҳ аст ки хондани шеър, набояд сурати ғино пайдо кунад ва ба таронаҳои матруб ва шӯрангез шабиҳ шавад, балки бояд ҳазин, матин ва барканор аз фарёд бошад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴿وَاغْضُضْ مِنْ صَوْتِكَ ۚ إِنَّ أَنْكَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِيرِ﴾; «Садои худро пойин биёвар; Чароки зиштарини садоҳо садои хар аст».
6 . Маҳдӣ Алайҳи салом мумкин аст дар маҷлисе ки дар он сувгворӣ барои имом Ҳусейн бидуни бидъат ва маъсият анҷом мешавад ширкат кунад, вале мумкин нест дар маҷлисе ширкат кунад ки дар он бидъате анҷом мешавад ё дурӯғе баста мешавад; Чароки ширкат дар чунин маҷлисе шойистаи ӯ нест. Чунонки ҷаноби Мансур низ дар маҷолиси сувгворӣ барои имом Ҳусейн ширкат мекунад ва дар сурати мушоҳидаи бидъат ва маъсият, аз онҳо хориҷ мешавад; Монанди чизе ки Абдуллоҳ писари Ҳабиби Табарӣ моро хабар дод, гуфт: Мансур ба хонае даромад ки дар он гурӯҳе аз шиъа масоъиби Ҳусейнро ёд мекарданд ва бар он ҳазрат мегиристанд, пас дар миёни онон нишаст то он гоҳ ки гӯяндаашон гуфт: Ман саги Ҳусейн ҳастам! Пас чун ин суханро гуфт Мансур бархост ва берун рафт дар ҳоле ки мефармуд: Ба Худо савганд Ҳусейн ба назди онон наёмад то саг бошанд! Оё надонистанд ки фариштагон ба хонае ки дар он саге бошад дохил намешаванд?! Сипас рафт то инки ба хонаи дигар даромад ки дар он гурӯҳе аз шиъа масоъиб Ҳусейнро ёд мекарданд ва бар он ҳазрат мегиристанд, пас дар миёни онон нишаст то он гоҳ ки ҷомаҳои худро дароварданд ва дар сафӣ воҳид бар синаҳои худ кӯбиданд, пас чун ин корро карданд Мансур бархост ва берун рафт дар ҳоле ки мефармуд: Бо шумо дар суннат ҳамроҳӣ мекунем ва аз шумо дар бидъат ҷудо мешавем!
Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Бахши посухгӯйи ба пурсишҳо