Ин мазмуни ҳадиси мутавотире аст ки дар миёни аҳли ҳадис ба «Ҳадисул Роёт» машҳур аст ва қадимитарин, машҳуртарин ва саҳиҳтарин ривояти расида аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, саҳоба ва аҳли байт дар боби алоъими зуҳури Маҳдӣ алайҳи салом маҳсуб мешавад, то ҷойе ки илҳомбахши қиёмҳойе дар торихи Ислом монанди қиёми Абдурраҳмон ибни Ашъас бар зидди Абдулмалик ибни Марвон ва қиёми Ҳорис ибни Сурайҷ бар зидди Наср ибни Сиёр ва қиёми Абу Муслими Хуросонӣ бар зидди Умавиён буда ва аз дербоз дар кутуби ҳамаи мазоҳиби Исломӣ -аъам аз шиъа ва суннӣ- инъикос ёфтааст; Чунонки ба унвони намуна, аз миёни аҳли суннат касоне чун ибни Ҳаммод (д.227қ) дар Ал-Фитан, ибни Абӣ Шейба (д.235қ) дар Ал-Мусаннаф, Аҳмад ибни Ҳанбал (д.241қ) дар Ал-Муснад, Ибни Моҷа (д.273қ) дар Сунан, Абу Доввуд (д.275қ) дар Сунан, Аҳмад ибни Амр Баззоз (д.292қ) дар Ал-Муснад, Руёнӣ (д.307қ) дар Ал-Муснад, Абу Саъиди Шошӣ (д.335қ) дар Ал-Муснад, Мукаррам Баззоз (д.345қ) дар Ал-Муснад, Мутаҳҳар ибни Тоҳири Мақдисӣ (д.335қ) дар Ал-Бидъа вал Торих, Табаронӣ (д.360қ) дар Ал-Мӯъҷамул Авсат, ва Ал-Мӯъҷамул Кабир, ибни Адӣ (д.365қ) дар Ал-Комил, Ҳоким (д.405қ) дар Ал-Мустадраку Алассаҳиҳайн, Байҳақӣ (д.458қ) дар Далоъилул Набувва, Хатиби Бағдодӣ (д.463қ) дар Ал-Реҳлату фи Талабил Ҳадис, Ибни Касир (д.774қ) дар Ал-Бидоя вал Ниҳоя, ва аз миёни шиъа, касоне чун Муҳаммад ибни Сулаймони Куфӣ (д. баъди 320қ) дар Маноқибу Амирул Мӯъминин, Муҳаммад ибни Иброҳими Нӯъмонӣ (д.360қ) дар Ал-Ғайба, Қозӣ Нӯъмони Мағрибӣ (д.363қ) дар Шарҳул Ахбор, Муҳаммад ибни Ҷарири Табарии Шиъӣ (д. баъди 411қ) дар Далоъилул Имомия, Муҳаммад ибни Ҳасани Тувсӣ (д.460қ) дар Ал-Ғайба, ибни Товвус (д.664қ) дар Ал-Малоҳим вал Фитан, ва ибни Абӣ Ҳотами Омулӣ (д.664қ) дар Ал-Дуррул Назим, онро бо асноди мутаъаддид аз Раусули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардааст. Ба унвони намуна, бисёри аз онон ривоят кардаанд ки вақте чашмони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба ҷавононе аз бани Ҳошим афтод, ранги муборакаш парид ва гирён шуд ва вақте асҳобаш иллати андӯҳи ӯро пурсиданд фармуд:
«إِنَّا أَهْلُ بَيْتٍ اخْتَارَ لَنَا اللَّهُ الْآخِرَةَ عَلَى الدُّنْيَا وَإِنَّ أَهْلَ بَيْتِي سَيَلْقَوْنَ بَعْدِي بَلَاءً وَتَشْرِيدًا وَتَطْرِيدًا، حَتَّى يَأْتِيَ قَوْمٌ مِنْ قِبَلِ الْمَشْرِقِ -أَوْ قَالَ: مِنْ قِبَلِ خُرَاسَانَ- مَعَهُمْ رَايَاتٌ سُودٌ يَسْأَلُونَ الْحَقَّ فَلَا يُعْطَوْنَهُ، ثُمَّ يَسْأَلُونَهُ فَلَا يُعْطَوْنَهُ، ثُمَّ يَسْأَلُونَهُ فَلَا يُعْطَوْنَهُ، فَيُقَاتِلُونَ فَيُنْصَرُونَ، فَيُعْطَوْنَ مَا سَأَلُوا، فَمَنْ أَدْرَكَهُمْ مِنْكُمْ أَوْ مِنْ أَعْقَابِكُمْ، فَلْيَأْتِهِمْ وَلْيُبَايِعْهُمْ وَلَوْ حَبْوًا عَلَى الثَّلْجِ، فَإِنَّهَا رَايَاتُ هُدًى، يَدْفَعُونَهَا إِلَى رَجُلٍ مِنْ أَهْلِ بَيْتِي، يَمْلَأُ الْأَرْضَ قِسْطًا وَعَدْلًا كَمَا مُلِئَتْ جَوْرًا وَظُلْمًا»; «Ҳароина мо аҳли бате ҳастем ки Худованд охиратро бароямон ба дунё тарҷеҳ додааст ва ҳароина аҳли байти ман пас аз ман бало ва рондагӣ ва оворагӣ хоҳанд дид, то он гоҳ ки гурӯҳе аз ҷониби Машриқ -ё Фармуд: Аз ҷониби Хуросон- биёянд ки бо онон парчамҳои сиёҳе аст, пас ҳақро металабанд, вале ба онон дода намешавад, пас бори дигар онро металабанд, вале ба онон дода намешавад, пас бори дигар онро металабанд, вале ба онон дода намешавад, пас меҷанганд ва ба пирӯзӣ мерасанд ва он гоҳ чизе ки металабиданд ба онон дода мешавад, пас ҳар кас аз шумо ё аз ояндагони шумо ки ононро ёфт, бояд ба сӯяшон бишитобад ва бо онон байъат кунад, агарчи чаҳор дасту по бар рӯйи барф; Чароки парчамҳои онон парчамҳои ҳидоят ҳастанд, онҳоро ба марде аз аҳли байти ман месупоранд ки заминро аз адолат пур мекунад ҳамон тавр ки аз зулм ва ситам пур шудааст».
Ин насси сариҳ ва муҳимме аст ки аз ҳайси санадӣ эътибори фаровоне дорад; Чароки ровиёни он аз риҷоли машҳур ва некном дар миёни мусалмонон будаанд; Монанди Муъовия ибни Ҳишоми Қассор Абул Ҳасани Куфӣ даргузаштаи 204 ё 205 қамарӣ ки аз риҷоли сиҳоҳи ситта ғайр аз Бухорӣ аст ва Алӣ ибни Солеҳ Абу Муҳаммади Ҳамадонии Куфӣ даргузаштаи 151 ё 154 қамарӣ ки аз риҷоли сиҳоҳ аст ва гурӯҳе ӯро сиқа шумурдаанд ва гурӯҳӣ дигар ҳадисашро саҳиҳ донистаанд ва Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ Абу Абдуллоҳи Куфӣ даргузаштаи 136 ё137 қамарӣ ки Муҳаммад ибни Фазил ӯро «аз пешвоёни бузури шиъа» ва Бухорӣ ва Муслим ӯро садуқ ва Яъқуб ибни Суфиён ӯро одил ва сиқа шумурдаанд ва Иброҳим ибни Язиди Нахаъии Куфӣ даргузаштаи 96 қамарӣ ки васоқаташ мавриди иттифоқ аст ва фақиҳӣ бузур аз риҷоли сиҳоҳи ситта шумурда мешавад ва Алқама ибни Қайси Нахаъӣ даргузаштаи 62 қамарӣ ки Тобеӣ ва аз риҷоли сиҳоҳи ситта аст, бал шакке нест ки ин ҳадис мутавотир маҳсуб мешавад; Чароки ровиёни он танҳо аз Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ дар манобеъи мухталиф ба 10 нафар мерасанд ва онон Алӣ ибни Солеҳ, Саббоҳ ибни Яҳёи Мазнӣ, Муҳаммад ибни Фазил, Абдуллоҳ ибни Идрис, Ҷарир ибни Абдулҳамид, Холид ибни Абдуллоҳ, Фатри ибни Халифа, Мандал ибни Алӣ, Халифа ибни Абдуллоҳ ва Амр ибни Қосим ибни Ҳабиб ҳастанд, дар ҳоле ки Язид ибни Абӣ Зиёди Қурайшӣ дар ривояти он аз Иброҳими Нахаъӣ танҳо нест, бал касони дигар чун Ҳаким ибни Утайба ва Аммора ибни Қаъқоъи ки аз бузургон ва сиқоти муслимин ҳастанд низ онро аз Иброҳими Нахаъӣ ривоят кардаанд, дар ҳоле ки Иброҳими Нахаъӣ дар ривояти он танҳо нест, балки касони дигаре чун Зайд ибни Рафиъ ва Ҳасани Басрӣ ва Ҷобир ибни Язид низ онро ривоят кардаанд ва ровиёни онҳо монанди Шарик, Аълоъ ибни Утба, Ҳамзаи Нусибӣ ва Ҷазарӣ низ аз ровиёни он дар ин табақа маҳсуб мешаванд ки дар маҷмӯъ ба 7 нафар мерасанд, дар ҳоле ки Алқама дар ривояти он аз Абдуллоҳ ибни Масъуд танҳо нест балки касони дигаре чун Асвад ибни Язид, Убайдаи Салмонӣ ва Абу Убайдаи Омир ибни Абдуллоҳ ибни Масъуд онро аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят кардаанд, дар ҳоле ки Абдуллоҳ ибни Масъуд дар ривояти он аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ривоят кардаанд ва ровиёни онҳо монанди Абу Асмоъи Раҳбӣ, Саъид ибни Мусайяб, Тамим ибни Ҳазлам, Абдулвоҳид ва Зайд ибни Ҳасан низ аз ровиёни он дар ин табақа маҳсуб мешаванд ки дар маҷмӯъ ба 9 нафар мерасанд, дар ҳоле ки ин ҳадис бидуни тафовути муҳимме дар алфозаш бо тариқи дигаре аз имомони аҳли байт монанди Алӣ ва Абу Ҷаъфари Боқир алайҳимо салом низ расидааст ва бо ин васф, тардиде нест ки «Мутавотири лафзӣ» маҳсуб мешавад ва он болотарин ҳадди тавотур аст; Фориғ аз инки мазмунаш ба сурати куллӣ тавассути касоне монанди Аммор ибни Ёсир, Аббос ибни Абдулмуталиб, Абдуллоҳ ибни Амр, Амр ибни Марраҳи Ҷуҳнӣ, Абдуллоҳ ибни Ҳирс ибни Ҷазъи Зубайдӣ ва Абу Ҳурайра аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва тавассути касоне монанди Абу Румон, Омир ибни Восила, Муҳаммад ибни Ҳанафия, Ҳориси Ҳамадонӣ, Асбағ ибни Набота ва Саҷҷаҳ ибни Абдуллоҳ аз Алӣ алайҳи салом ва тавассути касоне монанди Ҷобир ибни Язид, Довуди Даҷоҷӣ, Абу Бакри Ҳазрамӣ, Исроъил ибни Аббод ва Маъруф ибни Харрабуз аз Абу Ҷаъфари Боқир алайҳи салом ва тавассути касоне монанди Абу Басир, Фазил ибни Ясор, Абдулҳамид ибни Абӣ Аълоъ ва Аббод ибни Муҳаммади Мадоъинӣ аз Абу Абдуллоҳи Содиқ алайҳи салом ривоят шуда ва бо ин васф, «Тавотури маънавии» он возеҳ аст ва аз ин рӯ, метавон онро қатъӣ ва ҳатмӣ донист; Чароки инсофан ҳеч ривояти дигаре дар ин боб аз чунин қидмат, шӯҳрат ва тариқе бархурдор нест.
Ба мувҷиби ин ҳадиси яқиновар, пайвастан ба наҳзате ки аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир мешавад ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Маҳдӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд, бар ҳар мусалмоне воҷиб аст ва ин наҳзате аст ки бисёрӣ аз аҳли илм ва инсоф онро наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ медонанд; Чароки наҳзати ин олими муслеҳ ва азимушон, аз шарқи Хуросони бузург бо парчамҳои сиёҳ зоҳир шудааст ва ба сӯӣ аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам умуман ва Маҳдӣ алайҳи салом хусусан даъват мекунад ва барои ҳокимияти Мадӣ алайҳи салом заминасозӣ менамояд ва пеш аз он ҳеч наҳзати дигаре бо ин хусусият дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи зоҳир нашудааст ва пас аз он низ ҳар наҳзати дигаре ки -фарзан- бо ин хусусиёт дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи зоҳир шавад, ногузир дунболарав ва идомадиҳандаи он хоҳад буд; Зеро дар воқеъ кореро анҷом хоҳанд дод ки пештар ба василаи он оғоз шуда ва оғози дуборааш таҳсили ҳосил аст ки маъно надорад ва бо ин васф, танҳо пайравӣ аз наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст, дар ҳоле ки қатъан пайравӣ кунанда аз пайравӣ шаванда авло ба пайвастан нест то амри Худованд ба он маъқул бошад; Чароки муқаддам доштани тобеъ бар матбуъ қабеҳ аст ва аз Худованд содир намешавад; Чунонки фармудааст: ﴿أَفَمَنْ يَهْدِي إِلَى الْحَقِّ أَحَقُّ أَنْ يُتَّبَعَ أَمَّنْ لَا يَهِدِّي إِلَّا أَنْ يُهْدَى ۖ فَمَا لَكُمْ كَيْفَ تَحْكُمُونَ﴾; «Оё пас касе ки ба ҳақ роҳ меёбад сазовортар аст ки пайравӣ шавад ё касе ки худ роҳ намеёбад то он гоҳ ки роҳнамойи шавад?! Шуморо чи мешавад чигуна қазоват мекунед?!»; Ҳамчунонки муқаддам доштани масбуқ бар собиқ қабоҳат дорад ва бар хилофи ҳукм ва адли Худованд аст; Чунонки фармудааст: ﴿ثُمَّ أَوْرَثْنَا الْكِتَابَ الَّذِينَ اصْطَفَيْنَا مِنْ عِبَادِنَا ۖ فَمِنْهُمْ ظَالِمٌ لِنَفْسِهِ وَمِنْهُمْ مُقْتَصِدٌ وَمِنْهُمْ سَابِقٌ بِالْخَيْرَاتِ بِإِذْنِ اللَّهِ ۚ ذَلِكَ هُوَ الْفَضْلُ الْكَبِيرُ﴾; «Сипас китобро ба касоне аз бандагонамон ки баргузидем мерос Додем, пас аз онон касе аст ки ба худ ситам мекунад ва аз онон касе аст ки миёнарав аст ва аз онон касе аст ки ба изни Худованд дар хайрот сибқат мегирад ва он ҳамоно фазилати бузург аст» Ва фармудааст: ﴿أُولَئِكَ يُسَارِعُونَ فِي الْخَيْرَاتِ وَهُمْ لَهَا سَابِقُونَ﴾; «Онон дар хайтор шитоб мекунанд ва онон дар он пешгомонанд». Аз ин рӯ, ба бовари ин даст аз аҳли илм ва инсоф, агар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ки дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи барои даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозии зуҳури ӯ зоҳир шудааст, мисдоқи ин ҳадис набошад, ҳеч наҳзати дигаре пас аз он, мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Зеро ҳар наҳзате ки пас аз он дар ин минтақаи ҷуғрофиёйи зоҳир шавад, аз ду ҳол берун нахоҳад буд: Ё монанди наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ хоҳад кард ки дар ин сурат монанди наҳзати Мансур мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд ва ё бар хилофи наҳзати Мансур, ба сӯӣ Маҳдӣ даъват ва барои зуҳури ӯ заминасозӣ нахоҳад кард ки дар ин сурат ба тариқи авло мисдоқи ин ҳадис нахоҳад буд; Чароки ин ҳадис, даъват ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозӣ барои зуҳури ӯро муҳимтарин нишона ва вежагии мисдоқи худ донистааст.
Аз инҷо дониста мешавад ки қавли ба таҳаққуқ ёфтани ин ҳадис дар наҳзати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, қавле аст дар ниояти қувват, балки қатъ ба он, чунонки барои бархӣ аз аҳлӣ илм ва инсоф ҳосил шуда, дар ғояти виҷоҳат аст ва ин фориғ аз авсоф ва аломоти дигар аст ки дар ин шахсияти мумтоз вуҷуд дорад ва бо аҳодиси ин боб мувофиқ аст. Оре, бо ин ҳама, ӯ худ тасриҳ ба он намекунад ва ин метавонад аз ҷиҳати вараъ бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз иддаъо дар бораи худ кароҳат дорад, ё аз ҷиҳати тақя бошад; Бо таваҷҷуҳ ба инки аз кофирон ва золимон бар ҷони худ бимнок аст, ё аз он ҷиҳат бошад ки ахзи ба қадри мутаяққинро дар бораи худ кофӣ медонад; Бо таваҷҷуҳ ба инки ёрии ӯ ба эътибори даъваташ ба сӯӣ Маҳдӣ ва заминасозиаш барои зуҳури он ҳазрат, кофӣ аст ва ғаразро ҳосил мекунад, вале тардите нест ки ҳар як аз ин се ҳолат бошад, ташхиси мавзӯъ бар ӯҳдаи мардум аст ва онон ин тавониро доранд ки бо назар ба замон ва макони зуҳури ӯ ва чанду чуни даъваташ ба сӯӣ Маҳдӣ ва илму фазли ошкораш ва сойири авсоф ва аломоташ, сидқ ё адами сидқи ин ҳадис бар ӯро ташхис диҳанд ва тавфиқ аз ҷониби Худованд аст ва Ӯ ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад.