Панҷшанбе 25 Апрел 2024 мелодӣ / 16 Шаввол 1445 ҳиҷрӣ қамарӣ

Мансури Ҳошимии Хуросонӣ

 Дарси ҷадид: Дарсҳое аз он ҷаноб дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад; Аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар дар ин бора; Ҳадиси 3. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Гуфтори ҷадид: Гуфторе аз он ҳазрат дар бораи инки фуру бурдани амдии сар дар об ҳаргоҳ сабаби расидани об ба гулӯ шавад, сабаби қазоъи рӯза аст. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Пурсиши ҷадид: Оё ақиқа кардан барои навзод, машрӯъ аст? Барои мутолеъаи посух, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед. Нақди ҷадид: Ман ба унвони касе ки даъвати ҷаноби Мансурро пазируфта ва мусаммам ба заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ аст, чигуна метавонам таколифи шаъии худам монанди намозу рӯза ва ҳаҷҷу закотро анҷом бидиҳам? Қабули даъвати ҷаноби Мансур сарфи назар аз инки барои зуҳури Маҳдӣ лозим аст, чи фойидае барои ман аз ҷиҳати амали ба таколифи шаръӣ дорад?! Барои мутолеъаи барраси, инҷоро клик кунед. Номаи ҷадид: Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он дар бораи шиддат гирифтани бало ҳушдор медиҳад ва иллати он ва роҳи пешгирӣ аз онро табйин мекунад. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Нуктаи ҷадид: Нуктаи «Як қадам монда ба субҳ» навиштаи «Илёс Ҳакимӣ» мунташир шуд. Барои мутолеъаи он, инҷоро клик кунед. Барои мутолеъаи муҳимтарин матолиби пойгоҳ, ба саҳифаи аслӣ муроҷиъа кунед.
loading
Адами вуҷуби итоъат аз ҳокимони золим

Инсоф он аст ки ҳурмати итоъат аз ҳокимони золим ва ибқоъи ҳукумати онон, аз бадеҳиёти Ислом аст ки тасаввури он барои тасдиқи он кофӣ аст, то ҷойе ки эътиқод ба вуҷуби он, бо эътиқод ба вуҷуби ҳаром, баробар аст; Чунонки олимтарин, солеҳтарин ва носеҳтарини мусалмонон дар замони худ, ба ин ҳукм воқиф буданд ва ба вуҷуби итоъат ва ибқоъи ҳокимони золим бовар надоштанд, монанди Ҳусейн ибни Алӣ ибни абӣ Толиб ки бино бар хабари мутавотири Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, саййиди ҷавонони аҳли биҳишт буд ва бо ин васф, ҷони худ ва аҳли байташро дар хуруҷ бар ҳокими золим фидо кард то усваи ҳасанае барои муслмонон бошад, ҳар чанд бештари мусалмонон ки пайравӣ Умавиён буданд, ҳаргиз ба ақидаи ӯ дар ин бора гардан наниҳоданд. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 66]

Ҷавози хуруҷ бар ҳокимони золим

Хуруҷ бар ҳокими мусалмон, бо ин баҳона ки ӯ дучори куфри ошкор шудааст, ваҷҳе надорад балки танҳо муҷаввизи хуруҷ бар ӯ, зулми ӯ бар мусалмонон аст... Оре, салби ҳокимият аз золим барои вогузоштани он ба золимӣ дигар ҷойиз нест; Чароки ин кор мухолифат ва муқобила бо золим шумурда намешавад, балки ибқоъи ӯ дар суратӣ дигар аст; Чунонки то кунун мухолифатҳо ва муқобилаҳои маъдуде ки тавссути мусалмонон бо ҳокимони золим анҷом шуда, умуман барои табдили золиме бо золимӣ дигар буда ва табъан ба рафъи зулм ва таҳаққуқи адолат наянҷомидааст. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 68-69]

Тақлид аз кофирон

Яке дигар аз гунаҳои ройиҷи тақлид, пайравӣ аз гуфта ва кардаи кофирон аст; Чароки бисёрӣ аз мусалмонон, ба хотири заъфи худ ва қуввати кофирон дар қарнҳои охир, дар мавзеъи инфиол қарор гирифтаанд ва аз онон пайравӣ кардаанд; Ба ин сурат ки ё хоста ва дониста, худро шабиҳи онон сохтаанд то ба қуввате ки онон расидаанд бирасанд ва ё нохоста ва нодониста, аз таблиғот ва талқиноти онон асар пазируфтаанд ва ақойид ва аъмоли худро ба ақойид ва аъмоли онон олудаанд... Дар ҳоле ки бидуни шак, қуввати кофирон дар қарнҳои охир, аз як сӯ бар пояи истисмори зуъафо ва ғорати сарзаминҳошон мумкин шуда ва аз сӯӣ дигар, бар пояи моддагароӣ ва тафриқи дин аз дунё шакл гирифтааст ва бо ин васф, агарчи ононро дар ҷиҳотӣ моддӣ ба қувват расонида, дар ҷиҳотӣ маънавӣ заъиф сохтааст; То ҷойе ки бештари онон, саломати фардӣ, хонаводагӣ ва иҷтимоии худро аз даст додаанд ва бунёдҳои ахлоқ ва зерсохтҳои фарҳангро вайрон сохтаанд ва имконе барои такомули инсонӣ аз лиҳози ақлӣ ва адабӣ боқӣ нагузоштаанд. Ба илова, чандон ки ба сабаби қуввати инҳисорӣ ва такбуъдии худ, мутакаббир ва аз худрозӣ шудаанд, мавриди нафрати рӯзафзуни миллатҳои мазлум ва мустазъафи ҷаҳон қарор гирифтаанд ва тухми кина ва душманиро дар сарзаминҳои маҳрум хусусан Африқо ва ховари миёна пошидаанд. Рӯшан аст ки ин вазъият, агарчи кӯтоҳмудат судҳои маҳдудеро барои афродӣ хос аз онон, падид меоварад, дар баландмудат зиёнҳои номаҳдудеро мутаваҷҷеҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла ҳамон афрод месозад, то ҷойе ки дар як бароянди куллӣ, наметавон онро барои ҳеҷ фарде судманд донист. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 69-70]

Адами виҷоҳати пайравӣ мусалмонон аз кофирон

Танҳо марзи мӯътабар дар Ислом, марзи миёни мусалмонон ва кофирон аст ки дар бораи имон ба Худованд, муҳимтарин ва бунёдитарин асли зиндагӣ, тазод доранд... Ва рӯшан аст ки ин марз, бар хилофи марзҳои дигар, сохтагӣ нест, балки бо таваҷҷуҳ ба таъсири зотӣ ва ҳақиқии он бар ҳамаи шуъуни зиндагӣ, воқеъият дорад ва аз ин рӯ, бояд ҳамвора мушаххас бошад ва ба расмият шинохта шавад ва набояд бо афтодани сояи умурӣ эътиборӣ ва ғайри воқеъӣ бар он, ранги худро аз даст бидиҳад; То ҷойе ки ҳеҷ чиз дар Ислом пас аз лузуми дӯстӣ бо Худованд, возеҳтар аз лузуми душманӣ бо кофирон нест... Ва бо ин васф, возеҳ аст ки пайравӣ аз кофирон, ҷойе дар Ислом надорад ва дар ҳеҷ заминае ва бо ҳеҷ баҳонае ҷойиз нест. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 70-72]

Лузуми пайравии кофирон аз мусалмонон

Бал дар воқеъ ин кофиронанд ки бойиста аст аз мусалмонон пайравӣ кунанд... Зеро машҳуд аст ки бештари кофирон хусусан дар сарзаминҳои ғарбӣ, ба сабаби дур мондан аз марокизи тамаддун, аз лиҳози фарҳангӣ дар вазъияте наздик ба таваҳҳуш қарор доранд ва аз ҳйси инсонӣ, рушди кофӣ накардаанд ва бо ин васф, ба таълим ва тарбияти мусалмонон ниёзманданд. Ҳмчунонки пештар дар ҳошияи ҷангҳои салибии нӯҳгона, пас аз онки аз иқдоми аҳмақонаи худ ба сӯзондани китобхонаҳои мусалмонон пушаймон шуданд, улуми таҷрибӣ ва риёзии ононро фаро гирифтанд ва ба сарзаминҳои торик ва вайронаи худ ворид сохтанд ва мабнои тавсиъаи санъатии Аврупо қарор доданд. Ҳар чанд онон он андоза боҳуш набуданд ки улуми инсонии мусалмононро низ фаро бигиранд ва ба ҳамин далил, фарҳанги онон мутаносиб бо иқтисодашон пешрафт накард ва дар ҳамон сатҳи нозил ва ибтидоӣ, боқӣ монд. [Бозгашт ба Ислом, саҳ 72]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Ҳароина масали шумо дар зиндагии дунё масали кӯдаке будааст ки модари хешро дар анбӯҳи ҷамъият гум карда бошад, пас ба умеди даст ёфтан бар ӯ ба домони ҳар зане чанг мезанад ва муддате дар пайи ӯ равон мегардад, то он гоҳ ки аз ӯ бемеҳрӣ мебинад ва дар меёбар ки ӯ модар нест, пас шевонкунон ӯро во мегузорад ва ба домони дигарӣ меовезад, то он гоҳ ки торикии шаб ӯро фаро мегирад ва сармои он ӯро талаф мекунад, дар ҳоле ки ёрӣ кунандае барои ӯ нест! Ин будааст масали шумо дар зиндагии дунё ки ба умиди даст ёфтан бар адолат, ба ҳар ҳукумате дил бастаед ва муддате аз он пайравӣ кардаед, то он гоҳ ки аз он зулм дидаед ва дарёфтаед ки дар он адолат нест, пас фарёдкунон онро бар андохтаед ва ба ҳукумати дигарӣ рӯй овардаед! Пас ин гуна, дар ҷустуҷӯӣ адолат, гоҳе ба шарқ майл кардаед ва гоҳе ба ғарб; Гоҳе ба чап давидаед ва гоҳе ба рост; Гоҳе ба Зайд рӯй овардаед ва гоҳе ба Амр; Гоҳе ба салтанат дил бастаед ва гоҳе ба ҷумҳврият! Дар ҳоле ки адолат, на дар шарқ будааст ва на дар ғарб; На дар чап будааст ва на дар рост; На дар Зайд будааст ва на дар Амр; На дар салтанант будааст ва на дар ҷумҳурият! Адолат танҳо дар ҳукумати Худованд будааст ки аз қадрҳо ва ҷоҳои шумо огоҳ аст ва ҷуз Ӯ касе ба он роҳ намеёбад агарчи бисёр пӯйиш ва кӯшиш кунад, магар касе ки Ӯ ба он Маҳдияш сохтааст. [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Адолат танҳо дар ҳукумати Худованд будааст ки аз қадрҳо ва ҷоҳои шумо огоҳ аст ва ҷуз Ӯ касе ба он роҳ намеёбад агарчи бисёр пӯйиш ва кӯшиш кунад, магар касе ки Ӯ ба он Маҳдияш сохтааст, аммо шумо аз раҳмати Ӯ ноумед ва аз Маҳдии Ӯ ғофил шудаед ва аз ин рӯ, ҳукумате ки Ӯ барои Маҳлияш хостаастро ба касоне супурдаед ки Ӯ ҳукумате барои онон нахостааст! Ту гӯйи ҳукумат, мероси падаронатон аст ки онро аз ҳар кас мехоҳед мегиред ва ба ҳар кас мехоҳед медиҳед ва гӯйи аз они Худованд нест ки фармудааст: ...«Бигӯ Худовандо! Молики ҳукумат Туӣ! Ҳукуматро ба ҳар кас мехоҳӣ медиҳӣ ва ҳукуматро аз ҳар кас мехоҳӣ мегири» Ва Ӯ онро ба Иброҳим дода ва аҳдӣ бо одилони зуррияаш сохта ва фармудааст: ...«Ва чун Иброҳимро Парвардигораш бо калимоте омӯрзид, пас чун онҳоро ба анҷом расонд, фармуд: Ман туро барои мардум имоме қарор диҳандаам, гуфт: Ва аз зуррияам? Фармуд: Аҳди ман ба золимон намерасад» Ва одилони зуррияи ӯ касоне ҳастанд ки Худованд хостааст ҳар нопокиро аз онон бизудояд ва ононро комилан пок гардонад ва онон дар китоби Худованд аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳастанд Ва аз инҷо дониста мешавад ки Маҳдии Худованд, аз оли Иброҳим алайҳи салом ва аҳли байти Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ва ҳар кас ҳокиме ҷуз ӯ ихтиёр кунад, ба гумроҳии дуре дучор шудааст. [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Шигифто ки мардуми ҳар замон дасти байъат бо касе додаанд ва ақди вилоят бо касе бастаанд ва надонистаанд ки ҳеҷ кас ҷуз касе ки Худованд ӯро барои ин кор ҳидоят карда ва тавоно сохтааст, аз ӯҳдаи он бар намеояд ва ҳаққи онро адо намекунад! Онон адолатро назди касоне ҷустаанд ки адолат назди онон набуда ва аз ҳокимони худ таваққуъи кореро доштаанд ки дар тавони онон набудааст! Чигуна адолат варзад касе ки қадри мардумро намедонад ва ҷои ононро намешиносад, бал қадри худро нашинохта ва аз ҷои худ берун аст?! Чигуна адолат варзад касе ки худ золим аст ва дар ҷои дигарӣ нишастааст ва чигуна ислоҳ кунад касе ки худ фосид аст ва ҷаҳонро ба фасод кашидааст?! [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Чи шудааст ки аз рӯзи нахуст то имрӯз, авлиёъи Худо ҳамвора маҳкум будаанд ва авлиёъи шайтон ҳамвора ҳоким! Фарзандони анбиё ҳамвора хонанишин будаанд ва фарзандони адъиё ҳамвора минбарнишин! Аъиммаи имон ҳамвора беёвар будаанд ва аъиммаи куфр ҳамвора пурёвар! Агар кохе буда ҳамвора барои золимон будааст ва агар кухе буда ҳамвора барои покизагон! Агар қудрате буда ҳамвора барои мушрикон будааст ва агар ҳиҷрате буда ҳамвора барои паёмбарон! Агар байъате буда ҳамвора барои Язидиён будааст ва агар шаҳодате буда ҳамвора барои Ҳусейниён! Агар давлате буда ҳамвора барои гумроҳон будааст ва агар ғайбате буда ҳамвора барои Маҳдиён! Ин чи расвоӣ аст ки торихро фаро гирифта ва ин чи девонагӣ аст ки ҷаҳонро гирифтор кардааст?! Оё мардумонро чашм нест то бибинанд ки ҳокимонашон ҳама ситам мекунанд ва адолат намеварзанд?! Ё ононро гуш нест то бишнаванд ки сиёсатмадоронашон ҳама дурғ мегӯянд ва рост намегӯянд?! Ё ононро ҳуш нест то пай баранд ки раҳбаронашон ҳама гумроҳ мекунанд ва роҳ наменамоянд?! Пас то ба кай ин захми чиркин, гушуда хоҳад буд ва то ба кай ин девонагӣ идома хоҳад дошт?! [Номаи чаҳордаҳум]

Фарозе аз номаи он ҳазрат ки дар он ба сӯӣ ҳукумати Худованд даъват мекунад ва аз ҳукумати ғайри Ӯ боз медорад.

Ҳон, эй мардумон! Ба ман бигӯйед! То ба кай бояд монанди сиёҳмастон, аз рост ба чап ва аз чап ба рост билангед, то охирул амр бифаҳмед ки рост ва чап барои шумо яксон аст ва дар ҳеҷ як адолат нест?! Ба ман бигӯйед! Чанд ҳукумати дигарро бояд биёзмойед ва товони чанд итоъати дигарро бояд бипардозед, то саранҷом дарёбед ки ҳеҷ ҳукумате ҷуз ҳукумати Худованд, шуморо ба адолат намерасонад ва ҳеҷ итоъате ҷуз итоъати халифааш, шуморо аз зулм намераҳонад?! Оё ин ҳазорон сол таҷриба, басанда нест?! Оё ин товонҳои сангин, басанда нест?! Оё Намрудҳо ва Фиръавнҳоро нашунидид?! Оё Касроҳо ва Қайсарҳоро накашидид?! Оё халифаҳо ва шоҳонро надидид?! Оё ҷумҳуриҳо ва Исломиҳоро наёзмудид?! Пас оё ҳанӯз ибрат нагирифтаед?! То куҷо ба ин захми кӯҳна намак хоҳед зад?! Ва то куҷо ба ин ҷунуни торихӣ идома хоҳед дод?! [Номаи чаҳордаҳум]

Хутбае аз он ҷаноб ки дар он аз авоқиби ғиёби Маҳдӣ бим медиҳад ва ба сӯӣ заминасонӣ барои зуҳури ӯ даъват мекунад.

Тарҷумаи гуфтор: Ҳон, эй мардум! Барои ончи дар гарави лаҳзаҳост, шитоб накунед! Ҷаҳон ба поёни худ наздик шуда ва замони ваъдаҳо фаро расидааст. Ба зудӣ рӯзгори ғайбат ки роммаш мепиндорид, ҳамчун шутурӣ баҳормаст рам мекунад ва дандонҳои тезашро дар чашмҳотон фуру мебарад. Ба Худойе ки ҷисм ва ҷонам дар даст Ӯст савганд ки ончи мегӯям шеър нест ва ағроқе дар гуфтор шумурда намешавад. Зудо ки деги ҷаҳон ба ҷуш ояд ва руди замон ба хурӯш гарояд ва осиёби фитнаро бигардонад ва санги ошубро бичархонад. Хатар! Хатар! Огоҳ бошед ки ба ҳеҷ як шумо раҳм нахоҳанд кар! Гӯшагиртарини шуморо низ хоҳанд овард ва кареҳ ва дӯғашро хоҳанд гирифт. Ҳангоме ки доси фитна фуруд ояд, истода дарав шавад ва нишаста хурд гардад. Хатар! Хатар! Имрӯз ки фурсате доред, дини худро бардоред ва бигурезед! Агар ҳаққро бо ман ёфтед ба сӯӣ ман биёйед, агар чи чаҳор дасту по бар рӯӣ барф; Чароки ман шуморо ба сӯӣ Маҳдӣ раҳнамун хоҳам шуд ва агар маро нахостед ва хуш надоштед ки ба сӯӣ ман биёйед, пас биравед ва то метавонед дур шавед, агар чи дур натавонед шуд; Чароки ба Худо савганд, агар дар пушти ситорагони осмон пинҳон шавед, боз ҳам шуморо меёбанд ва меоваранд ва расвоятон месозанд; Чароки ин кор чунонки шумо пиндоштаед, осон нест, бал гирифторӣ ва балоӣ бас бузург аст ки пирро бетоб ва ҷавононро бехоб мекунад. [Гуфтори якум]

Дар бораи касоне ки инак қадри ӯро намедонанд ва даъвати ӯ ба сӯӣ Маҳдиро ба сухра мегиранд.

Тарҷумаи гуфтор: Чигуна бидуни офтоб, рӯзро хоҳанд дид ва чигуна бидуни об, сабзии заминро?! Балки шоми онон то абад идома хоҳад дошт замини онон монанди шӯразор хоҳад буд; Чароки халифаи Худованд бар онон муставлӣ нест ва аҳкоми Ӯ дар миёнашон ҷорӣ намешавад. Бигзор касоне ки ба вуҷуди Худованд имон надоранд ва касоне ки барои Ӯ шарик мегиранд, ба сухани ман истеҳзо намоянд ва дар пайи бозии худ бираванд; Чароки онон монанди кушандаи хеш пушаймон хоҳанд шуд ва монанди хурандаи наҷосат қай хоҳанд кард! Онгоҳ дар талаби ман ба дарё хоҳанд зад ва аз гарданаҳои кӯҳҳо хоҳанд гузашт; Балки манро дар шикофи сахраҳо ҷустуҷӯ хоҳанд кард ва аз чӯпонҳои даштҳо суроғ хоҳанд гирифт; То суханеро барои онон бозгу кунам ки имрӯз аз ман намешунаванд ва роҳеро ба онон нишон диҳам ки инак аз ман намепазиранд! [Гуфтори дуввум]

Паёме аз он ҳазрат барои ҷамъе аз ҷавонони дӯстдори Маҳдӣ ки аз ӯ ҳидоят хостанд.

Тарҷумаи гуфтор: Ҳонгоме ки ҳамагон ба сӯӣ рост ва чап мегароянд, шумо бар тариқати вусто устувор бимонед ва ҳангоме ки ҳамагон ба сӯӣ Зайд ва Амр мешитобанд, шумо ба сӯӣ Маҳдӣ бигаройед. Худовандро бисёр ёд кунед ва биҳиштро савдои худ қарор диҳед ва намозро дар аввали вақт барпо доред ва закотро ба аҳлаш бипардозед ва ба падару модари худ никӣ кунед ки дере бо онон нахоҳед монд ва ба маърифат амр намойед ва аз мункар боз доред ва корҳотонро сабук созед ва ҳар чи гузаштанӣ астро бигзоред ва ҳар чи бардоштани астро бардоред ва барои куч кардан ба сӯӣ Маҳдӣ омода шавед; Чароки ман ҳаргоҳ ҳамроҳонӣ кофӣ биёбам, ба сӯӣ ӯ кӯч хоҳам кард, агарчи миёни ман ва ӯ ҳафт дарё бошад. Кист ки даҳ ҳазор танро барои ман тазмин кунад то ман зуҳури Маҳдиро барои ӯ зомин шавам?! Замин гандида ва замон монанди думали чиркине аст ки сар боз карда бошад, вале оқибат барои парҳезкорон хоҳад буд. [Гуфтори чаҳорум]

Суфорише аз он ҳазрат барои ёрон ва пайравонаш

Тарҷумаи гуфтор: Ту ва сойири ёрон ва пайравонамро ба тарс аз Худо дар пинҳон ва ошкор суфориш мекунам ва ҳамаи шумо ва ҳар кас ки баъдҳо ба шумо мулҳақ мешавадро ба маъруф амр мекунам ва аз мункар боз медорам. Ваҷиботи Худоро анҷом диҳед, муҳаррамоти Ӯро тарк кунед ва ҳудудашро нигоҳ доред. Бо якдигар меҳрубон бошед ва аз кина бипарҳезед. Тавозуъ ва адабро зинати худ қарор диҳед ки фарзанди Одам ба чизӣ зеборат аз он ду зинат наёфта ва аз сабру намоз неру бигиред ки бандаи Худо аз чизӣ бештар аз он ду неру нагирифтааст. Барои рӯзи мукофот –ки дер ё зуд хоҳад омад– тадбире бинамойед ва барои расвойии он чорае биандешед. Маргро ба хатар биспоред ки ёди марг сипарӣ боздоранд аст ва Худоро аз ёд набаред ки ёди Ӯ доруӣ шифо диҳанда аст. Хурди шумо бояд ба калонатон эҳтиром кунад ва калони шумо бояд бар хурдатон тараҳҳум намояд. Бо хубон биншинед ва даромезед ва аз бадон бипарҳезед ва бигурезед. [Гуфтори пнҷум]

Суфорише аз он ҳазрат барои ёрон ва пайравонаш

Тарҷумаи гуфтор: Бехабаронро хабар диҳед ва ҷоҳилонро биёмузед. Гумроҳонро роҳ намойед ва пурсандагонро посух гӯйед. Бар сафоҳат сафиҳон шакиб оваред ва дандон бар дандон бифарсойед; Ҳангоме ки шуморо дашном медиҳанд то биёзоранд ва бӯҳтон мезананд то биранҷонанд; Чароки пеш аз шумо бо Паёмбарони Худованд чунин карданд ва беш аз шумо бо мо чунин мекунанд. Масали шумо дар миёни онҳо масали занбӯри асал дар миёни парандагон аст; Ҳеҷ парандае нест магар инки ӯро кӯчак мешуморад, дар ҳоле ки агар медонист ӯ чи чизе бо худ ҳамл мекунад, албатта кӯчакаш намешумурд. Замин гандида ва замон монанди мурдоре аст ки бод карда бошад, вале шаберо надидем ки рӯзеро дар пай надошта бошад. Пас сабр кунед; Чароки фараҷи шумо наздик аст. [Гуфтори панҷум]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Чизе ки назди ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло милок аст, Ислом ва шӯҳрати ровӣ ба васоқат ё садоқат назди тоъифаи ӯст, на мазҳаби ӯ ё тазъифоти мухолифонаш бидуни далилӣ қобили қабул. Пас агар ровӣ аз аҳли суннат аст, милоки ҳоли ӯ назди аҳли суннат аст ва ҳолаш назди шиъа милок нест ва фарқе миёни ривоёти шиъа ва ривоёти аҳли суннат вуҷуд надорад ҳаргоҳ бо се асли пешгуфта созгор бошанд ва ровиёнашон маъруф ба васоқат ё садоқат назди аҳли мазҳаби худ бошанд. Ба ҳамин далил аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло ривоёте аз шиъаро монанди ривоёте аз аҳли суннат ихтиёр мекунад ва ривояти касеро ба хотири мазҳабаш тарк намекунад модоме ки мазҳабаш бар хилофи зарурии дин набошад, ба наҳве ки ӯро аз Ислом хориҷ созад; Чароки дар он сурат ӯ мунофиқ аст ва мунофиқ дар ҳеч заминае қобили қабули эътимод нест, агарчи ҳамаи мардум ӯро сиқа бидонанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Дарсҳои ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло, ҳадафашон тазкияи мардум ва таълими Китоб ва ҳикмат ба онон ва меҳвар ва мабнояшон Қуръон ва суннат ва мавзӯъашон ақойид, аҳком ва ахлоқи Исломӣ аст ва мо аз миёнашон чизе ки ба масоъили муҳимтар ва мавриди ибтилотар марбут мешавадро интихоб кардаем ва онро ба гунае ки барои аҳли таҳқиқ ва мутолеъа осонтар бошад мураттаб сохтаем ва барои он таълиқотӣ муштамал бар зикри манобеъ ва бархӣ тавзиҳоти зарурӣ навиштаем. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Ҳар дарс, дар бораи як масъалаи эътиқодӣ ё фиқҳӣ ё ахлоқӣ аст ва аз се боб ташкил шудааст:

• Боби якум баёни оёте аз Қуръон ки ба масъала марбут мешавад ва дар он тафосири арзишманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омада ки аз миёни гуфторҳои нуронии ӯ истихроҷ шудааст ва маъонии оётро ба гунае ки дилҳоро шифо медиҳад ва мардумро аз торикӣ ба нур мебарад, табйин менамояд.

• Боби дуввум аҳодиси саҳиҳе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он нукоти дақиқ ва тавзиҳоти судманде аз ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло омадааст ки маънои аҳодис, ҳоли ровиён ва назари олимонро табйин мекунад.

• Боби севвум баёни аҳодиси саҳиҳе аз аҳли байт алайҳи салом ки ба масъала марбут мешаванд бо зикри шавоҳид ва мутобеъоти онҳо ва дар он назири чизҳое аст ки дар боби дуввум омадааст. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Қоъида назди ҳазрати аллома ҳафизаҳулоҳ таъоло, ҳуҷҷияти хабари мутавотир ва адами ҳуҷҷияти хабари воҳид аст ва хабари мутавотир назди ӯ чизе аст ки дар ҳар табақа беш аз чаҳор мард онро ривоят кардаанд, ба шарти инки қарини якдигар набошанд ва дар бораи маъно ихтилоф накарда бошанд ва чизе ки ривоят кардаанд бо китоби Худованд ё суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ё ақли салим таъоруз надошта бошад. Ҳамчунин, чизе ки дар ҳар табақа чаҳор мард онро ривоят кардаанд, дар ҳукми хабари мутавотир аст, ба шарти инки одил бошанд, илова бар се шарти пешин ва ин чизе аст ки баррасии ҳоли ровиён ҳаргоҳ беш аз чаҳор мард набошандро зарурӣ месозад. Аммо баррасии ҳоли онон ҳаргоҳ камтар ё бештар аз ин теъдод бошанд, коре аст ки ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло аз боби илзом анҷом медиҳад; Чароки аксари мусалмонон қоъил ба ҳуҷҷияти хабари воҳиди сиқа ё садуқ ҳастанд ва чи басо чизе ки тавассути панҷ мард ривоят шудаастро мутавотир намедонанд. Аз ин рӯ, ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло чизе ки ровиёни сиқа ё садуқ назди онон ривоят кардаандро ихтиёр мекунад то ҳуҷҷате бар онон бошад ва бошад ки онон ҳидоят ёбанд. [Дарси яккум, муқаддама]

Дар бораи инки замин аз мардӣ олим ба ҳамаи дин ки Худованд ӯро дар он халифа, имом ва раҳнамойе ба амри худ қарор дода бошад, холи намемонад.

Шарти ҳазрати аллома ҳафизаҳуллоҳ таъоло барои ихтиёри аҳодис, пас аз созгории маънои онҳо бо китоби Худованд ва суннати собит аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ақли салим, шӯҳрати ровиёни онҳо ба васоқат ё садоқат назди касоне аст ки аҳли мазҳаби онҳо ҳастанд, на мухолифони онҳо; Чунонки дар шарҳи ҳоли Ҷобир ибни Язиди Ҷуъфӣ онро табйин карда ва фармудааст: «Милок, ҳоли фард назди асҳоби ӯст (яъне аҳли мазҳаби ӯ); Чароки онон ба ҳоли ӯ огоҳтаранд ва назари сойири мардум ҳаргоҳ бо назари асҳоби ӯ мунофот дошта бошад, ҳуҷҷат нест; Чароки онон аз ӯ дуртаранд ва чи басо ба хотири дӯст надоштани мазҳабаш, дар бораи ӯ бад мегӯянд ва гувоҳи он, кори Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам аст ки ба яҳудиён фармуд: <Абдулло ибни Салом дар миёни шумо чигуна марде аст?> пас гуфтанд: <Хуби мо ва писари хуби мо ва сарвари мо ва писари сарвари мо ва олими мо ва писари олими мост>, пас суханашон дар бораи ӯро пазируфт; Чароки онон асҳоби ӯ буданд ва сипас ба онон хабар дод ки ӯ мусалмон шудааст, пас шурӯъ ба бадгӯйи дар бораи ӯ карданд ва гуфтанд: <Бадтарини мо ва писари бадтарини мост>, вале сухани онон дар бораи ӯро пас аз инки мухолифони ӯ дар мазҳабаш шунид напазируфт ва агар сухани мухолифон дар мазҳаб пазируфта шавад, чизе аз ҳадис боқӣ намемонад; Чароки ҳар тоъифае дар бораи тоъифаи дигар бад мегӯянд; Чунонки мебинӣ шиъаён ба чизе ки аҳли суннат ривоят мекунанд вақъе намениҳанд магар чизе ки онро ҳуҷҷате бар зидди онон қарор медиҳанд ва мебинӣ аҳли суннат ба чизе ки шиъаён ривоят мекунанд намегиранд магар бо таъаҷҷуб ва истиҳзоъ ва ҳар ду миёнаи роҳро гум кардаанд, вале мо ҳар чизе ки мусалмонон дар мутобиқат бо китоби Худованд ривоят мекунандро мепазирем ҳаргоҳ назди асҳоби худ ба ростгӯйи маъруф бошанд бидуни инки барои ҳеч як аз мазоҳиб таъассуб биварзем». [Дарси яккум, муқаддама]

Ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати Маҳдӣ, ҳаргоҳ ба маънои ташкили ҳукумати он ҳазрат аз тариқи заминасозӣ барои он ба тартибе ки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом» табйин шудааст бошад, мумкин аст, ҷуз онки дар ин сурат, ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати Маҳдӣ маҳсуб намешавад, балки ташкили он бо рафъи ғайбати ӯ маҳсуб мешавад ва ҳар гоҳ ба маънои ташкили ҳукумате ҷуз ҳукумат Маҳдӣ бошад, мумкин нест ва ин мумкин набудан, аз аворизи тақсири мардум дар ҳифозат ва ҳимоят аз он ҳазрат аст ки сабаби ғайбати ӯ буда ва бо ин васф, масуълияти табаъоти он бар уҳдаи онон аст. Ҳосил онки ташкили ҳукумати Исломӣ дар ҳар замоне бо зоҳир сохтани Маҳдӣ мумкин аст ва бо ин васф, ташкили ҳукумати Исломӣ дар замони ғайбати он ҳазрат маъно надорад. [Пурсиш ва посухи 25]

Гирдиҳамойии мӯъминон барои ёрии имом Маҳдӣ алайҳи салом зарурӣ аст ва рӯзе бояд анҷом шавад... Ва иллати он ин аст ки ҳар як аз мӯъминон ба танҳойи ва ҷудо аз дигарон барои ёрии Маҳдӣ алайҳи салом кифоят намекунад, бал ӯ ба сипоҳӣ оросота ва омода ниёзманд аст ки битавонад бо иттикоъ ба он зуҳур кунад... Бо ин ҳол, коре ки акнун аз мӯъминон хоста мешавад, ҳиҷрат ба Хуросон нест, бал талош барои ҳамроҳ кардани шуморӣ кофӣ аз мардум аст ки пеш аз ҳиҷрат ба Хуросон бояд анҷом шавад. Бинобарин, мӯъминон бояд дар кишварҳо ва шаҳрҳои худ, дӯстон ва ошноёнашонро бо наҳзати заминасозӣ барои зуҳури имом Маҳдӣ алайҳи салом ҳамроҳ кунанд, то он гоҳ ки шумори кофӣ аз миёни онон барои ҳиҷрат ба Хуросон омода шаванд. Он гоҳ ҳиҷрат ба Хуросон барои онон осон хоҳад шуд; Чароки бархӣ аз онон бархӣ дигарро кӯмак хоҳанд кард ва Худованд пуштибони мӯъминон аст. [Пурсиш ва посухи 19]

Ҳақ он аст ки бояд заминасозӣ барои зуҳури Маҳдӣ алайҳи саломро бо имон ба ваъдаи Худованд анҷом дод ва набояд ба сабаби ҷаҳл ба бархӣ ҷузъиёти каммӣ ё кайфии он, дар лозим ва муфид будани он тардид раво дошт ва даъват кунандаи ба сӯӣ онро ба газофагӯӣ муттаҳам намуд. Ба ҳар ҳол, мӯъзали ғиёби Маҳдӣ алайҳи салом мӯъзали печидае аст ва Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар ҳоли талош барои ҳалли он ба сурати амалӣ ва майдонӣ аст ва барои ин кори душвор ва нафасгир, дасти кам ба ҳимояти яке аз кишварҳои Исломӣ ва ҳокимони мусалмон ниёз дорад. Худованд ба ҳамаи мусалмонон тавфиқи дарки ин ҳикматҳо ва ҳақоиқи гаронсангеро арзонӣ дорад ва дилҳои ҳокимони мусалмонро барои қабули он нарм гардонад то ҳар чи зудтар замина барои зуҳури оқоямон Маҳдӣ алайҳи салом фароҳам шавад ва масоъиб ва мӯъзалоти ҷаҳони Ислом поён пазирад; Чароки Ӯ бар ҳар коре тавоност ва бисёр Бахшанда ва Меҳрабон аст. [Пурсиш ва посухи 10]

Рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчами сиёҳ чаҳор чиз аст: Яккум инки истифода аз парчами сиёҳ, суннат аст; Чароки парчами Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам сиёҳ буд; Чунонки Ибни Аббос ва Бураяда ва Ҷобир ва Оиша ва дигарон инро ривоят кардаанд... Ба илова, парчами Алӣ ибни Абӣ Толиб дар ҷангҳояш низ сиёҳ буд... Бархӣ уламо эҳтимол додаанд ки алоқаи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олили ва саллам ба парчами сиёҳ аз боби тафоъул яъне ба фоли нек гирифтан будааст... ва ин баъид нест; Чароки «سُؤْدُد» ба маънои азимат ва маҷд ва шараф аст ва «مُسَوَّد» ба маънои саййид яъне сурур ва солор аст... Ва ривоят шудааст ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам тафаъулро хуш медошт ва номҳои некуро ба фоли нек мегирифт... Бинобарин, истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ, пайравӣ аз суннати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва суннати халифаи рошидаш Алӣ ибни Абӣ Толиб алйҳи салом аст ва ин чизи аҷибе нест; Чароки ӯ дар ҳар чизе аз суннати он ду пайравӣ мекунад... Дуввум инки истифода аз парчами сиёҳ, барои мӯъминон дар рӯзе ки ҷамъ мешаванд ва дар роҳи Худованд ҷиҳод мекунанд, судмандтар аст... Севвум инки истифода аз парчами сиёҳ, расмӣ ройиҷ ва мутаъораф миёни касоне аст ки ба мусибати азиме дучор шудаанд... ва муҳтамал аст ки ин, яке аз чизҳойе бошад ки Мансури Ҳошимии Хуросониро ба истифода аз парчамҳои сиёҳ тарғиб кардааст; Зеро ӯ ба мусибати азиме дучор шуда... ва он ғайбати халифаи Худованд дар замин аст... Чаҳорум онки истифода аз парчами сиёҳ, муқобилаи ошкор бо фирқаи золим ва фосиде аст ки «Доъид» ном дорад; Чароки ин фирқа... парчамҳои сиёҳеро барои даъват ба сӯӣ ҳукумати мардӣ гумроҳ ва гомроҳ кунанда ба номи Абу Бакари Бағдодӣ истифода кард. Пас чун Мансури Ҳошимии Хуросонӣ онро дид, Парчамҳоеро барои даъват ба сӯӣ ҳукумати Маҳдӣ истифода кард то бо ин шева, дар баробари ин инҳирофи бузург ва хатарнок аз масири Ислом бойистад... Ин рамзи истифодаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ аз парчамҳои сиёҳ аст. [Пурсиш ва посухи 9]

Шахсиятгароӣ ба бемории шойеъ ва хатарноке дар миёни мусалмонон табдил шудааст; Зеро онон сухани ҳақро аз касе ки намешиносанд намепазиранд ва сухани ботилро аз касе ки мешиносанд мепазиранд, дар ҳоле ки сухани ҳақ, ҳақ аст агарчи гӯяндааш ношинохта бошад ва сухани ботил, ботил аст агарчи гӯяндааш шинохта бошад. Сухани ҳақ, бо ношинохта будани гӯяндааш ботил ва сухани ботил, бо шинохта будани гӯяндааш ҳақ намешавад, бал ҳар гӯяндае бо чизе ки мегӯяд шинохта мешавад; Агар сухани ӯ ҳақ буд бар ҳақ ва агар сухани ӯ ботил буд, бар ботил аст. Чи бисёр гӯяндае пуровозае ки ботил мегӯяд ва чи бисёр гӯяндаӣ гумноме ки ҳақ! Оё ҳақ будани касе вобаста ба номи ӯст ё аз миллияти ӯ табаъият мекунад ё аз мушаххасоти зоҳирии ӯ асар мепазирад?! Дар ҳоле ки номҳо ановинӣ эътиборӣ ҳастанд ва миллиятҳо таваҳҳумотӣ худбофтаанд ва мушаххасоти зоҳирӣ бо мушаххасоти ботинӣ мулозим нестанд. [Пурсиш ва посухи 18]

Дар назари ин бузургвор, «Иҷтиҳод» ба маънои «Шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом» бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, на ба маънои «Шинохти заннӣ аз онҳо гарчи бо иттикоъ ба ахбори оҳод ва мавҳумоте назири иҷмоъ» ва рӯшан аст ки «Шинохти яқинӣ аз ақойид ва аҳкоми Ислом» танҳо бо муроҷиъаи мустақим ба манобеъӣ ҳосил мешавад ки таъаллуқи онҳо ба Исломи яқинӣ аст ва онҳо китоби Худованд, ривоёти мутавотири Паёмбари Ӯ ва халифаи зиндаи Ӯ дар замин ҳастанд ки муроҷиъаи мустақим ба онҳо аз муроҷиъаи мустақим ба ривоёти воҳид ва мутаноқиз дар китобҳои пароканда, осонтар аст; Чароки китоби Худованд дар дастраси ҳамагон қарор дорад ва ривоёти мутавотири Пёмбари Ӯ маъдуд ва машҳуранд ва халифаи зиндаи Ӯ дар замин, инсоне монанди сойири инсонҳост ки қоъидатан метавон ба назди ӯ рафт ва аз ӯ аҳкоми шаръиро ахз кард, ҳар чанд ин кор ба сабаби тақсири мардум дар муҳофизати ӯ, дар ҳоли ҳозир амалӣ нест ва ниёз ба таъмини амнияти ӯ тавассути онон дорад. Ҳосил онки муроҷиъа ба китоби Худованд, ривоёти мутавотири Пёмбар ва халифаи Ӯ дар замин, бар мусалмонон воҷиб аст ва тақлид аз муҷтаҳидон барои онҳо кофӣ нест. [Нақд ва баррасии 17]

Аз адами ҳуҷҷияти ахбори воҳид ва заннӣ, ҷавози «Тақлид аз фатвоҳои муфтиҳо» лозим намеояд, балки ба рӯшани адами он лозим меояд; Чароки аз як сӯ мабнои ин бузургворон дар бисёри фатовишон ахбори воҳид ва заннӣ аст ва бо ин васф, адами ҳуҷҷияти ин ахбор, мусталзими адами ҷавози тақлид аз онҳост ва аз сӯи дигар тақлиди аз онҳо ба иҷмоъи ҳамаи мусалмонон ва ба иқтизои ҳиссу виҷдон, муфиди занни ба аҳкоми Худованд аст, дар ҳоле ки Худованд занн ба аҳкоми худро кофӣ намедонад ва мефармояд: ﴿إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا; «Бе гумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад»! Бинобарин, тақлид аз фатвоҳои муфтиҳои бузургвори тақлид, дар назари Худованд кофӣ нест; Ба ин маъно ки муҷиби бароъати зиммаи мукаллаф аз таколифи Ӯ намешавад ва ин низ гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест... Мансури Ҳошимии Хуросонӣ иҷтиҳод ба маънои истинботи ҳукм аз адилаи занниро кофӣ намедонад ва ин ба рӯшанӣ мубтанӣ бар адами кифояти занн дар Ислом аст; Зеро вақте занн дар Ислом кофӣ нест, фарқе намекунад ки маншаъи он тақлид бошад ё иҷтиҳод, балки маншаъи он ҳар чизе бошад кофӣ нест ва ин возеҳтар аз он аст ки ниёзе ба тавзиҳ дошта бошад... адами кифояти тақлид ва иҷтиҳод аз он ҳайс ки муфиди заннанд, мусталзими суқути таколифи шаръӣ ё вуҷуби таҳсили яқин ба онҳост, аммо аз онҷо ки суқути таколифи шаръӣ мумкин нест, вуҷуби таҳсили яқин ба онҳо таъаюн меёбад ва таҳсили яқин ба онҳо аз ду тариқ мумкин аст: Китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки аз тариқи ахбори мутавотири он Ҳазрат ва халифаи ӯ маълум мешавад. [Нақд ва баррасии 1]

Ҳазрати аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ тақлидро «Пайравӣ аз гуфта ва кардаи дигарӣ бидуни далил» таъриф фармудааст на бо далил! Бинобарин, агар касе аз гуфта ва кардаи дигарӣ ба далили мутобиқати он бо меъёри шинохт пайравӣ кунад, аз ӯ тақлид накарда балки аз меъёри шинохт пайравӣ кардааст. Рӯшан аст ки ин бузугвор низ аз шумо нахостааст ки аз эшон «Тақлид» кунед, бал аз шумо хостааст ки аз гуфта ва кардаи эшон ба далили мутобиқати он бо китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ пайравӣ кунед ва ин бо ҳеҷ тақрире «Тақлид» аз эшон шумурда намешавад. Эшон шадидан бо шахсият парастӣ мухолиф аст ва онро мисдоқе аз «Ширк» мешуморад ва шахсият парастӣ ин аст ки касе чунон таҳти таъсири як шахсият қарор бигирад ки гуфта ва кардаи ӯро бидуни далил қабул кунад; Чизе ки мутаъассифона имрӯз дар миёни мусалмонон ривоҷи фаровоне дорад. Бале, бар мусалмонон воҷиб аст ки худ мустақиман ба манобеъи Ислом муроҷиъа кунанд ва ба фатвои муҷтаҳидон иктифо накунанд ва албатта бар муҷтаҳидон низ воҷиб аст ки ононро дар ин кор ёрӣ кунанд, ба ин маъно ки муроҷиъаи мустақими онон ба манобеъи Исломро тасҳил намоянд, на инки ба тақлиди онон аз худ доман зананд ва ононро аз китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ ба худ саргарм созанд; Чароки чунин коре, боздоштан аз роҳи Худо ва иъонат бар исм ва удвон аст ва монанди коре аст ки коҳинони яҳудӣ ва роҳибони масеҳӣ дар умматоҳои гузашта анҷом доданд. [Нақд ва баррасии 18]

Иҷтимоъи шуморӣ кофӣ аз мусалмонон барои ҳифозат, иъонат ва итоъати Маҳдӣ, агар чи дар асари даъвати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ анҷом мешавад, бар пояи тақлид аз ӯ анҷом намешавад, бал бар пояи табаъият аз китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ анҷом мешавад ва ба ҳамин далил аст ки ӯ барои даъвати мусалмонон ба ин иҷтимоъ зарурӣ, китобӣ истедлолӣ ва бурҳонӣ навишта ва ба китоби Худованд ва суннати яқинии Паёмбараш ва иқтизоъоти рӯшани ақлӣ истинод карда ва монанди муҷтаҳидон ба додани фатво ва монанди муддаъиён ба муъарифии худ иктифо накардааст, дар ҳоле ки як марҷаъи тақлид, танҳо фатвои худро барои оммаи мардум изҳор медорад ва мутаваққиъ аст ки онон бар пояи тақлид аз ӯ ва бидуни илми тафсилӣ ба далоилаш, ба фатвои ӯ амал кунанд ва як муддаъии дурӯғин, танҳо мақоми иддаъоӣ худ монанди Маҳдӣ будан ё нойиби Маҳдӣ будан ё фарзанди Маҳдӣ буданро барои оммаи мардум изҳор медорад ва мутаваққиъ аст ки онон бар пояи тақлид аз ӯ ва бидуни илми тафсилӣ ба далоилаш, аз гуфта ва кардаи ӯ пайравӣ кунанд, аммо Мансури Ҳошимии Хуросонӣ, на аз мавзеъи як марҷаъи тақлид ва на аз мавзеъи як муддаъии дурӯғин, бал аз мавзеъи як омири ба маъруф ва ноҳй аз мункар даъват карда ва даъвати маъқул ва машруъи худро бар далоили яқинӣ ва мусаллами Исломӣ мубтанӣ сохтааст, то мусалмононе монанди шумо бо илми тафсилӣ ба далоили ӯ ва на сирфан бо эътимод ба марҷаъият ё мақоми иддаъоӣ ӯ, даъвати ӯро иҷобат кунанд ва ин ҳамон хусусияти Маҳдӣ аст ки ин шахсияти хос ва мутафовитро аз мароҷеъи тақлид ва муддаъиёни дурӯғин ҷудо карда ва дар ҷойгоҳи як заминасози айнӣ ва амалӣ барои зуҳури Маҳдӣ қарор додааст. Ин ба он маъност ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ намехоҳад монанди марҷаъи тақлид ва муддаъиёни дурӯғин, шуморо ба муридони худ табдил кунад, бал мехоҳад аз шумо бародарон ва хоҳаронӣ озода, хирадманд ва фарҳехта барои худ бисозад то ёрони ӯ ба сӯӣ Худованд ва халифааш дар замин бошед. [Нақд ва баррасии 18]

Хушбахтона бисёрӣ аз аҳкоми зарурӣ ва бунёдини Исломи монанди аркони намоз ва рӯза ва закот ва ҳаҷ, чунонки ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бахшӣ аз китоби худ табйин фармудааст, аз тариқи китоби Худованд ва ахбори мутавотири Паёмбари Ӯ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам маълум мешавад ва бо ин васф, метавон ба онҳо амал кард ва амал ба онҳо муҷзӣ аст, вале барои яқин ба сойири аҳкоми Исломи ва бароъати зимма аз онҳо, чорае ҷуз руҷӯъ ба халифаи Худованд дар замин нест ва ин коре аст ки ба бовари ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ мумкин аст; Чароки монеъи руҷӯъ ба ӯ чизе ҷуз тақсири мардум дар таъмини муқаддамоти он нест ва табъан рафъи ин монеъ ба маънои таъмини муқаддамоти руҷӯъ ба ӯ барои онон мумкин аст ва агар ин кор ба иҷтимоъи гурӯҳӣ кофии аз онон ниёз дорад ва гурӯҳӣ кофии аз онон иҷтимоъ намекунанд, гуноҳи ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ нест, бал гуноҳи худи мардум ва касоне аст ки ононро аз ин кор боз медоранд... Оре, ин заминасози зуҳури Маҳдӣ, мусалмонони ҷаҳонро аз вуқуъи як «Бечорагии бузург» хабар медиҳад ва ононро бо ироъаи роҳкорҳоӣ рӯшан ва амалӣ, ба берунрафт аз он фаро мехонад, вале бештари онон нидои эшонро намешунаванд ё мешунаванд ва дар намеёбанд, ҷуз андаке аз онон ки Худованд дилҳошонро барои эшон озмудааст ва албатта ҳамонон кофӣ хоҳанд буд ин шоъ Аллоҳ. [Нақд ва баррасии 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Аз мавзӯъоти муҳимме ки дар ин китоб ба чолиш кашида шуда, тақлид аст. Нависанда тақлид аз гузаштагон ва тақлид аз ҳокимони золим ба маънои пайравӣ аз онҳоро аз асбоби инҳитоти фарҳанги Исломӣ мешуморад ва қиёми мусалмонон бар зидди ҳукуматҳои мустабид ва вобаста агарчи мутазоҳир ба Ислом бошандро машрӯъ медонад; Ҳамчунонки тақлид аз кофирон ба маънои табаъият аз андешаҳо ва улгуҳои ғайри Исломиро на танҳо боъиси пешрафти моддӣ ва дунявии мусалмонон намешуморад, балки боъиси суқути фарҳанг ва тамадуни онон медонад. Ба илова ӯ тақлид аз аксарияти мардумро низ нодуруст меингорад ва пас аз радди эътибори иҷмоъ ва шӯҳрат ба масобаи далойилӣ шаръӣ бо таваҷҷуҳ ба заннӣ будани онҳо, интиқодотеро аз лиҳози назарӣ бар демокросӣ ворид мекунад ва онро хусусан дар ҷавомеъӣ ки аксарияти мардум аз рушди ақлӣ кофӣ бархурдор нестанд, нокоромад мешуморад. Ӯ ҳамчунин тақлид аз олимонро ба ин далил ки муфиди занни аст ва занн дар Ислом ҳуҷият надорад, рад мекунад ва онро яке аз авомили ихтилофи мусалмонон аз дербоз то кунун мешуморад. Сипас иҷтиҳод ба маънои мусталаҳ ки истинботи ҳукм аз адилаи заннӣ астро низ бо таваҷҷуҳ ба адами эътибори адилаи заннӣ дар Ислом саҳиҳ намедонад ва ёфтани роҳкорӣ дигар барои даст ёфтан ба яқинро зарурӣ мешуморад... Дар идома нависанда ба нақди назарияи вилояти мутлақаи фақиҳ аз лиҳози мабнои мепардозад ва онро ғулувве дар бораи олимон мешуморад ва имкони онро аз ҳайси ақлӣ мунтафӣ медонад; Чароки ба бовари нависанда итоъати беқайд ва шарт аз касе ки мумкин аст хоста ё нохоста ба ғайри ҳақ фармон диҳад бар хилофи ҳукми ақл ва шаръ аст. Ҳамчунин ба унвони паёмадҳои бовар ба вилояти мутлақаи фақиҳ, итоъати бе чуну чаро аз ғайри маъсум ва вогузордани ихтиёроти маъсум ба ӯро одатан маншаъи фитнаҳои гуногун ва мафосиди бузургӣ чун истебдоди сиёсӣ медонад ва инро далилӣ дигар бар лузуми иҷтиноб аз ин бовар мешуморад. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Нависанда дар идома хурофагароиро омилӣ таъсиргузор бар рӯӣ ақойид ва аъмоли мусалмонон мешуморад ва аз бархӣ аҳли тасаввуф ба хотири тарвиҷи он интиқод мекунад ва нақши ононро дар густариши ақлситезӣ ва динварзии завқӣ ва шоъирона миёни мусалмонон барҷаста медонад. Ӯ ҳам чунин бисёрӣ аз шоъиронро ба сабаби сурудани ашъорӣ зебо аммо нодуруст ва мухолиф бо омӯзаҳои Паёмбарон некуҳиш мекунад ва ононро монанди соҳирон аз рақибон ва душманони Паёмбарон мешуморад ки бо «Зухруфул қавл» ва «Лаҳвул ҳадис» мардумонро аз роҳи Худованд боз медоранд. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Мавзӯъи бунёдин ва муҳимми дигаре ки Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар китоби мутафовит ва чолиш барангези «Бозгашт ба Ислом» ба он пардохта, мавзӯъи ҳукумати Исломӣ аст. Аз нигоҳи ӯ ҳукумат бар мардум танҳо барои Худованд аст ва касе ҷуз Ӯ ҳаққи ҳокимият бар онҳоро надорад ва Ӯ ҳокимияти худ бар онҳоро аз тариқи гирифтани як нойиб ё ба истелоҳ «Халифа» эъмол мекунад. Бо ин васф, мабнои шаклгирии ҳукумати Исломӣ ва машрӯъияти сиёсии он, изни хосс ва қатъии Худованд аст ки барои ҳеҷ як аз ҳокимони кунунӣ дар ҷаҳони Ислом вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, ҳукумати ҳеҷ як аз онон дар ҳоли ҳозир ҳукумати Исломӣ шумурда намешавад. Ӯ ниёзи ҳукумати Исломӣ ба интисоби хосс ва қатъии ҳоким аз ҷониби Худовандро аз масоъили возеҳ ва зарурӣ дар Ислом ва сойири адёни Иброҳимӣ мешуморад ва мӯътақид аст ки муноқиша ва баҳс дар бораи он маъно надорад. Албатта нависанда бар хилофи ҳамаи олимони мусалмон аз ҳамаи мазоҳиби Исломӣ, дастрасӣ мардум ба чунин ҳокимеро мумкин медонад ва мӯътақид аст ки илати адами дастрасии онҳо ба чунин ҳокиме, бар хилофи тасавури онҳо ҳукумати Худованд нест, балки тақсири онҳо дар таъмини шаройити лозим барои дастрасӣ ба ӯст ва ҳаргоҳ онҳо ин шаройитро дар фарояндӣ комилан оддӣ ва мутаъориф таъмин кунанд, дастрасӣ ба ӯ барои онҳо таҳаққуқ меёбад. Бо ин васф, адами дастрасии онҳо ба ӯ узре барои ихтиёри ҳокиме ҷуз ӯ шумурда намешавад; Чароки аз як сӯ бо таваҷҷуҳ ба имкони дастрасии онҳо ба ҳокими мансуб аз ҷониби Худованд, зарурате барои ихтиёри ҳокимӣ дигар вуҷуд надорад ва аз сӯӣ дигар адами дастрасии онҳо ба ин ҳоким, ношӣ аз тақсири худи онҳост ва аз ин рӯ, наметавонад узре барои ихтиёри ҳокимӣ дигар тавассути онҳо шумурда шавад, агарчи ба ҳасби зоҳир чорае аз ин кор надошта бошанд. Ба ин тартиб, ҳукумати Исломӣ танҳо бо ҳокимияти халифаи Худованд дар замин имкон меёбад ва ҳокимияти халифаи Худованд дар замин низ танҳо бо ирода ва ихтиёри мардум мумкин аст. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Хуросонӣ дар ҷои дигаре аз китоби «Бозгашт ба Ислом», иқомаи Исломро танҳо ба сурати холис ва комил муфид ва коромад мешуморад ва мӯътақид аст ки иқомаи бахшӣ аз он ба танҳоӣ ё дар канори чизе хориҷ аз он, на танҳо муфид ва коромад нест, балки метавонад зиёнбор ва хатарнок бошад ва ин бар хилофи тасаввури бештари мусалмонон аст ки мепиндоранд иқомаи бахшӣ аз Ислом низ матлуб ва муъассир аст. Ӯ Исломро ба дастгоҳӣ воҳид бо аҷзоъӣ ба ҳам пайваста ташбиҳ мекунад ки агар як ҷузъи он кор накунад сойири аҷзоъи он низ коройии худро аз даст медиҳад ва кулли дастгоҳ аз кор меафтад. Бинобарин мусалмонон чорае ҷуз иқомаи кулли Ислом ба сурати холис надоранд ва ин коре аст ки танҳо бо таълими халифаи Худованд дар замин мумкин аст. [Мақолаи 1]

Мурури бар китоби «Бозгашт ба Ислом» навиштаи Мансури Ҳошимии Хуросонӣ
Саййид Муҳаммад Содиқи Ҷаводиён

Яке дигар аз мавзӯъоти бунёдин ва чолиш барангез дар ин китоб он аст ки нависанда, иҷроӣ ҳудуд ва муҷозотҳои Исломиро машрут ба иҷроӣ кулли аҳкоми умумӣ ва сиёсии Ислом медонад ва мӯътақид аст ки ташриъи ин ҳудуд ва муҷозотҳо бо назар ба ҳокимияти халифаи Худованд дар замин анҷом шуда ва мутаносиб бо замон ва маконе аст ки ҳамаи аҳкоми Ислом ба масобаи авомилӣ боздоранда иҷро мешавад. Бинобарин, иҷроӣ ин ҳудуд ва муҷозотҳо дар замон ва маконӣ дигар, одилона ва мутаносиб нест; Хусусан бо таваҷҷуҳ ба инки аз нигоҳи нависанда, аҳкоми Ислом ба якдигар вобаста ва пайвастаанд ва бар якдигар таъсир мегузоранд ва аз якдигар таъсир мепазиранд. [Мақолаи 1]